Санаи 04.03.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар – бақои ҳаёт” бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол” дастовардҳои варзишии варзишгарони шаҳр дар соли 2021, маҳсули дастранҷи ҷавондухтарон ва намоиши китобӣ ба маъраз гузошта шуд.






Имрӯз, 5 марти соли 2022 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бахшида ба Рӯзи Модар як қатор модарони собиқадори шаҳри Гулистонро қадршиносӣ намуданд.
Бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳр маъракаи дарахтнишониву кабудизоркунӣ доир гардид. Роҳбари шаҳр аснои иштирок дар ин маросим ҷавонону наврасонро ба тозакориву сарсабзгардонии шаҳр даъват намуда, изҳор доштанд, ки ба таъбири ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Ватани азизи моро ба ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад".
Модарону хоҳарони арҷманд,
Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Иди Модар 3 марти соли 2022 дар боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр, дар назди муҷасамаи “Модар ” ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки васеи сокинони шаҳр доир гардид.
















