Дар шаҳри Гулистон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омавигардонии варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир андешида шуда истодааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ки аз ҷониби раиси шаҳри Гулистон ба тавсиб расидааст мунтазам мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардида истодааст.
Масъулин ва мураббиёни муассисаи давлатии "Мактаби варзишӣ"-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимӣ, корхонаву ташкилотҳо ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи шаҳр, ҳамарӯза мусобиқаҳои варзиширо баргузор менамоянд.






Дар толори китобхонаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и шаҳр маҳфили илмӣ-алабии "Гулистони сухан" бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки навқаламони гурӯҳи "Авангард" ва иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид.
Дар толори муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо иштироки таълимгирандагони маҳфилҳои амалкунандаи марказ хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабини мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ва директори Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр Эмомалӣ Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Имрӯз, 2 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар майдони маҷмааи "Дасти дуои Модар" бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир гардид. Ҳамоиш бо гузоштани гулчанбар дар назди муҷассамаи "Дасти дуои Модар" оғоз ёфт.
Имрӯз маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш баргузор гардид. Дар ин маросим шаҳри Гулистон бо ҷоизаи Беҳтарин шаҳри варзишӣ дар соли 2021 сарфароз гардид.
















