Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 24.02.2022, дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон хониши сиёсӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар мавзуӣ "Ҷавонон Паём ва манфиатҳои миллӣ", “Мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа” (ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъамандӣ ва зиддӣ коррупсия) баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Матлуба Сатторова сармутахассиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минатқавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Истифодаи қудратҳои минатқавӣ ва ҷаҳонӣ аз ин гурӯҳҳо барои расидан ба мақсадҳои худ, миқёси хатари онҳоро даҳчанд менамояд. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсию қадратии кишвар, ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ ва ғайра бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд. Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучандон хоҳанд дошт. Яъне, сода намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурӯҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм мебошад.






Тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр санаи 24.02.2022, дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон хониши сиёсӣ бо иштироки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар мавзуӣ "Ҷавонон Паём ва манфиатҳои миллӣ", “Мубориза бо падидаҳои номатлуби ҷомеа” (ифротгароӣ, бегонапарастӣ, нашъамандӣ ва зиддӣ коррупсия) баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон, Матлуба Сатторова сармутахассиси комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр санаи 24-уми феврали соли 2022 тибқи нақшаи Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба истиқболи Рӯзи модар ва 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат” бо иштироки бонувони фаъоли шаҳр баргузор гардид.
Назаре ба таърихи ташкилёбии ин корхона нишон медиҳад, ки он аз зумраи корхонаҳои муқтадири қолинбофии даврони Шуравӣ ба ҳисоб рафта, бо қарори Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС Косиген А.Н. дар охири солҳои 50-уми қарни гузашта таъсис ёфтааст. Масоҳати умумии корхона мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ 117 гектарро дар бар гирифта, 76 дарсади онро иншоотҳои истеҳсоли ташкил медиҳанд. Ҳануз дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар ин корхона дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ аз Олмону Голандия, Англия ва Япония ворид карда шуда, васлу насб гардиданд.
24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.














