Матни равон

Санаи 12 апрели соли 2022 вохӯрии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев вохӯриро ҳусни оғоз бахшид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар назди донишҷӯён суханронӣ намуда, зикр дошт, ки мулоқоти мо дар марҳилаи бисёр хотирмони ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат, ки дар ин сол мо 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олиро таҷлил менамоем ҷараён дорад.

 

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон, неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд.

Дар марҳилаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин, солҳои охир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наву лаёқатманд ва дастгирии моддии ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳамзамон афзуда шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон теъдоди ҷавонон 17 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки он 34 фоизи аҳолиро дар бар мегирад.

Таъкиди хосаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, ки тақозои замон аст хеле муҳиму саривақтӣ аст ва дар оянда низ ба соҳаи хизмати давлатӣ танҳо нафароне ба кор ҷалб карда мешаванд, ки донандаи хуби ду забони хориҷӣ бошанд, то тавонанд барои муаррифӣ ва рушду нумуи кишвари азизамон саҳмгузорӣ намоянд.

Ҳамчунин, ҷиҳати расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” дар доираи солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” рӯ овардан ба омӯзишӣ фанҳои дақиқ амри зарурӣ мебошад. Зеро бе омӯзиши фанҳои дақиқ ва ба роҳ мондани навовариву ихтироот мо дар истеҳсолот ба пешрафт ноил шуда наметавонем.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар ояндаи на он қадар дур бисёре аз донишҷӯён ба фаъолияти созандаи мардуми шањри Гулистон шарик гардида, дар ободу хуррамгардонї ва таъмини зиндагии шоистаи мардум сањмгузор хоҳанд гашт.

Сипас, донишҷӯён ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати вохӯрӣ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар интиҳо ба 57 нафар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд кумакҳои яквақтаи молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1446
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12497
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:5812
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7738202

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?