Матни равон

Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина К”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст. Дар корхона асосан истеҳсоли комбикорм — хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ истеҳсол карда мешавад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар 1 шабонарӯз 480 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда истеҳсол менамояд, ки дар як сол ба 175 ҳазор тонна баробар мешавад.

Барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда маҳсулоти хом аз кишварҳои Белгия, Аргентина, Олмон, Русия, Қазоқистон ва Беларус ворид карда шуда, бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ коркард мешавад.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргох 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, имконият фароҳам меорад, ки корхонаҳои мурғу чорвопарварии ватанӣ бо маҳсулоти хушсифати хӯрокӣ таъмин карда шаванд ва ҳам нархи хӯроки чорвою паранда дар бозор коҳиш ёбад.

Афзудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, фермаҳои чорводорӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарурат пеш меорад, ки дар кишвар чунин корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаю чорво бештар бунёд карда шаванд.

Айни замон дар вилояти Суғд дар баробари коргоҳҳои коркарди гандум ва пахта, ки барои чорвою парандаҳо низ хӯрок истеҳсол мекунанд, боз беш аз 10 корхонаи истеҳсоли хӯроки чорвою паранда фаъолият доранд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1896
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10610
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:3925
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7736315

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?