Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Рӯзи матбуоти тоҷик 11-уми март таҷлил гардид. Дар он Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода, фаъолон, собиқадорон, намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурию вилоят ва аҳли эҷодӣ нашрияи “Соҳил” иштирок доштанд.
Илҳом Пӯлотзода ҳини шодбошӣ нақши матбуотро дар инъикоси ҳаводиси замон, рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ва расондани иттилооти солиму таҳлилшуда муассир арзёбӣ кард.
- Дар таърихи беш аз садсолаи мавҷудияташ матбуоти тоҷик рисолати худро содиқона ба ҷо оварда, имрӯз ҳам мавқеи устувор ва ҷойгоҳи хос дорад. Мақому мавқеи матбуот, пеш аз ҳама, аз таҷрибаи пешқадаму бойи он сарчашма мегирад, -таъкид дошт, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода.






Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати ҳафтум бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Муҳтарам намояндагони аҳли қалам!
Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки фаъолон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷамъомад шаҳрдор ва ҳамроҳонаш бо собиқадорони меҳнат мулоқоти самимона намуданд. Кулли модарону хоҳарон ва собиқадорони меҳнат бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!” мулоқоти идонаи Илҳом Пӯлотзода бо поккорон доир гашт. Басо рамзист, ки табиатро баҳори нозанин, гулу себаргаҳои сар ба боло кардаву ба машом бӯи муаттари гулҳо мерасад, чун фоли нек дар фаъолияти кориву рӯзгорашон Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ба кулли бонувони КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, ки тозагию озодагии кӯчаву хиёбон, гулгашту роҳравҳо маҳз аз фаъолияти шабонарӯзии ин занону духтарон иртибот мегирад, бо як самимияти хоса армуғони баҳорона тақдим кард. 















