Матни равон

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.

09.05.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон – даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башар, ҳамаи онҳое, ки дар он солҳои фоҷиабор дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати ғалаба бар фашизм самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони Тоҷикистон сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи баланд ва рӯзгори осудаву босаодат орзу менамоям.

Нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.

Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 31.03.2022, №36 ҷиҳати баргузории стипендияи Раиси шаҳри Гулистон барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 санаи 07.05.2022 дар толори муассисаи таълимии №1 маркази шаҳр озмуни стипендияи Раиси шаҳри Гулистон баргузор карда шуд.

Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр чорабиниро ифтитоҳ намуда роҳу равиши баргузории онро ба иштиркдорон ёдрас намуд ва таъкид дошт, ки ҷиҳати дастгии бештари ҷавонони лаёқатманд соли ҷорӣ теъдоди стипендияи Раиси шаҳр аз 30 нафари соли 2021 ба 35 нафар ва маблағи пулии он аз 900 сомонии соли 2021 ба 1100 сомонӣ дар соли ҷорӣ расонида шуд. Нурмуҳаммад Мирзозода мудири шуъбаи маорифи шаҳр аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва дастгирии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати зиёд намудани теъдоди стипендияи Раиси шаҳр изҳори сипос намуд.

Дар шаҳри Гулистон тибқи қарори ба тавсиб расидаи Раиси шаҳр доир ба таҷлили 77-солагии  Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоати шаҳракҳо чорабиниҳои поси хотир баргузор гардида истодааст.

Тибқи нақша имрӯз, 07.05.2022 дар ҷамоати шаҳракҳо аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Консой чорабинии поси хотир баргузор карда шуд. Раиси ҷамоати шаҳрак Амир Муҳаббатов номаи табрикии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзодаро ба самъи иштирокдорон расонид. Сипас, дар пояи муҷассамаи сарбози бенишон ҷиҳати поси хотири фарзандони фидогардидаи миллат маросими гулчанбармонӣ доир гардид.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 77 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод.

Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2627
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17125
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:73203
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7715123

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?