Матни равон

Санаи 05 апрели соли 2024 вохӯрии Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода бо донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ” баргузор карда шуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робит або ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султлнзода вохӯриро ҳусни оғоз бахшид.

Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода дар назди донишҷӯён суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон - қишри созандаи ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт як қатр корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварда шудааст. Ҷавонон, неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллату давлат ҳастанд.

Дар марҳилаи рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҷавонон тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гардида, як силсила барномаҳои соҳавӣ амалӣ мегарданд.

Ҳамчунин, солҳои охир аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наву лаёқатманд ва дастгирии моддии ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳамзамон афзуда шуд, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон теъдоди ҷавонон 14, ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр дар маљмуъ 134 иншооти варзишӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 55 майдончаи варзишӣ, 6 ҳавзи шиноварӣ, 9 варзишгоҳ ва 26 толори варзишӣ ва 38 майдони бозии кӯдакона мебошад. Барои таъмиру тармим ва азнавсозии иншооти варзишӣ ҳамасола маблағҳои зарурӣ људо карда мешаванд.

Дар шаҳр барои қадршиносӣ ва тарғиби донишандӯзӣ Стипендияи Раиси шаҳр муқаррар карда шудааст, ки теъдоди он 35 адад буда, барои хонандагони аълохон ва фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр тариқи озмун дода мешавад ва маблағи муқарраргардидаи он 1300 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, барои шаҳри Гулистон 16 адад Стипендияи Президентӣ муқаррар гардидааст, ки 15 адад барои муассисаҳои таълимӣва 1 адад барои колеҷи тиббии шаҳр мебошад.

Ҳамзамон, доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва перомуни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин таъкид карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар ояндаи на он қадар дур бисёре аз донишҷӯён ба фаъолияти созандаи мардуми шаҳри Гулистон шарик гардида, дар ободу хуррамгардонӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор хоҳанд гашт.

Сипас, донишҷӯён ба Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ҷиҳати вохӯрӣ ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар интиҳо ба 55 нафар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд, ятими кулл, нимятим ва аз оилаҳои ниёзманд кумакҳои яквақтаи молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тақдим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:442
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3648
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5905
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:87875
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7729795

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?