Имрӯз, 11.12.2023 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон хониши сиёсӣ дар мавзӯӣ "Кафолати ҳуқуқҳои инсон-омили пешрафти ҷомеаи башарӣ" ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Матлуба Сатторова и.в. мудири бахши кор бо занон ва оила ва Наргиса Бердиева раиси ҷамоати мазкур иштирок ва суханрони намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҳуқуқҳои инсон ба ҳар як одами дар ҷаҳон зиндагикунанда танҳо ба он хотир хос аст, ки вай инсон аст.
Мақолаҳои боқимонда...
- Buston Hosts a Meeting of the Co-chairs of the Tajik-Kyrgyz Governmental Delegations on the Border Delimitation and Demarcation
- Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
- В городе Бустоне состоялась встреча сопредседателей правительственных делегаций Республики Таджикистана и Кыргызской Республики






Санаи 08.12.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон дар толори фарҳангии Ҷамоати шаҳраки Адрасмони хониши сиёсӣ доир ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 03.08.2021, №111 «Дар бораи татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», қарори Раиси вилояти Суғд аз 28.09.2021, №468 «Дар бораи татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори Раиси шаҳр аз санаи 25.10.2021, №266 «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оид ба пешгирии корруппсия дар мавзуи “Коррупсия – падидаи хатарзо барои амнияти миллӣ” бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимии №5, №7, №13 ва волидайни онҳо баргузор карда шуд.
Санаи 09.12.2023 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.
Санаи 04.12.2023, дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии мусобиқаи вилоятӣ оид ба футбол байни деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Гулистон ва Истаравшан баргузор гардид.
Санаи 05.12.2023 дар толоти МДТИ-и шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзӣ байналмиллалии волонтёрон дар мавзӯи “Волонтёрӣ шараф аст”, ҳамоишӣ идона баргузор гардид, ки дар он мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов ва директори МДТИ-и шаҳри Гулистон Эмомалӣ Бобоев иштирок ва суханронӣ намуданд.














