Санаи 25 декабри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро прокурори шаҳр, Раиси Шӯро Вазирзода Вазир Зокир ва ҳамаи аъзоёни Шӯро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иштирок намуданд.
Ба кори ҷаласа муовини якуми Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардори раёсат, шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, соҳибкорон, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавии милитсия иштирок намуданд.






Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали гузаронидани иҷлосияҳои навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тадбирҳо андешида, санаи 25 декабри соли 2023 иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати шашумро доир намуд.
Санаи 23.12.2023 дар шаҳри Гулистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи ғизоӣ ва нисбат ба бозор бо нархҳои дастрас пешниҳод намудани маҳсулоти ниёзи аввалия ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ва кишоварзӣ баргузор гардид.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола санаи 22 декабр Рӯзи касби энергетикҳо таҷлил карда мешавад.














