Матни равон

Санаи 19.03.2024, бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 баён гардид бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Консой мулоқот доир гардид.

Дар кори мулоқот муовини раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи гиромидошти арзишҳои милливу диниамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт силсилаи иқдомҳои судманд амалӣ гардида истодааст.

Тавре огаҳӣ доред, 9-уми марти соли равон қабл аз оғози моҳи Рамазон мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардид. Қабл аз оғози мулоқот Пешвои муаззами миллат кулли мардуми шарифи кишварро бо моҳи мубораки Рамазон таҳният гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодат орзу намуданд.

Пешвои миллат тамоми ҷанбаҳои масъаларо шарҳу тавзеҳ дода моҳи шарифи Рамазонро моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин унвон доданд ва дар ин маврид иброз доштанд, ки: ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад.

Чуноне огаҳӣ дорем, зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси Ҳукумати мамлакат Пешвои муаззами миллат ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба ҳифзи арзишҳои милливу динӣ ва дигар масоил ибрози назар намуданд.

Бо назардошти фарорасии моҳи Рамазон мулоқоти навбатии Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, олимону донишмандон, фаъолон ва ходимони дин вобаста ба ҳаллу фасли масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, маънавиёту маърифати мардуми мамлакат баргузор гардида, вазифаҳо барои бартараф намудани баъзе мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доштанд, муайян карда шуд.

Ҳамзамон, иброз карда шуд, ки дар ҳақиқат муҳтарам Ҷаноби Олӣ оид ба бархе аз масъалаҳои номатлуби ҷомеа аз қабили исрофкорию харҷи зиёд зимни оростани маъракаҳо ва машғул гардидани сокинон ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, тамоюлҳои бегонапарастӣ, такроран ва намоишкорона рафтан ба ҳаҷ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дигар омилҳо ибрози назар намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот оид ба баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон суханронӣ намуда, аз бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он ёдовар шуданд. Дар ин маврид муҳтарам Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, ки: фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад!

Оид ба бахшоиши гуноҳи ҷинояткорону шаҳрвандони гумроҳ муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар мулоқот андешаронӣ намуда, баён доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 17 маротиба санадҳои авф қабул гардида, зиёда аз 170 ҳазор нафар ҷинояткорон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод карда шудаанд. Ҳамаи ин иқдомот ба хотири таъмин намудани амнияти миллату давлат, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ буд.

Барои он буд, ки мардуми мо дигарбора ба рӯзҳои сахте, ки солҳои 90-ум ба сарашон омада буд, дучор нагарданд

Илова бар ин, бо иқдоми башардӯстонаи роҳбарияти мамлакат ба қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, муқаррар гардид, ки дар сурати ихтиёран даст кашидани шаҳрвандон аз иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, инчунин, қатъ кардани иштироки минбаъда дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Бо истифода аз ин имконият дар даҳ соли охир 1640 нафар ба Ватан баргаштанд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо қатъ карда шуданд.

Танҳо соли 2023-юм 328 ва дар ду моҳи соли ҷорӣ 140 нафар шаҳрвандон аз ин имконият истифода кардаанд.

Аммо ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ тибқи роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ садҳо нафар шаҳрвандони мо ба муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ фиристода шудаанд.

Бо вуҷуди ин, 4 ҳазору 150 нафар шаҳрвандон бар хилофи тартиби муқарраршуда ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба муассисаҳои таълими динӣ ба таври ғайрирасмӣ шомил шудаанд. Ин дар ҳолест, ки санади хатми таҳсил ё дипломи онҳо дар Тоҷикистон эътибор надорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин шаҳрвандон аз ташвиқоти экстремистӣ ва мағзшӯйӣ осебпазир буда, 156 нафари онҳо дар хориҷи кишвар ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҷалб гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, бо кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи аз соли 2010 инҷониб қариб 4000 нафар шахсони дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмии динӣ машғулбуда ба Ватан баргардонида шуда, 205 нафар то ҳол дар хориҷи кишвар боқӣ мондаанд.

Зарур аст, ки ҷиҳати пурра ба Ватан баргардонидани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда, онҳо бо ҷойи кор ва таҳсил таъмин карда шаванд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас дар се соли охир тақрибан 400 нафар шаҳрвандони кишвар ва соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони хурдсол иборат буданд, аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.

Таълими ғайриқонунии динӣ боиси даст задан ба авомфиребӣ, фолбинию ҷодугарӣ, дигар кирдорҳои ношоиста, ғайриқонунӣ машғул шудан ба фаъолияти хусусии тиббӣ ва дар ин замина расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба шаҳрвандон низ мегардад.

Дар охир миёни баромадкунандагон ва фаъолону сокинони ҷамоати мазкур мубодилаи афкор ва пурсишу посух сурат гирифт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4122
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:6319
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:24939
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:81017
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7722937

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?