Санаи 13.11.2023, дар толори кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 31-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш” ва “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” конференсия баргузор гардид.
Дар конфренсияи мазкур муовини Раиси шаҳри Гулистон Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, и.в. мудири бахши занон ва оилаи шаҳр Матлуба Сатторова ва корманди Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ҳамзамон омӯзгори муассисаи таълимии №14-и шаҳри Гулистон Исмоил Саидов иштирок ва суханронӣ намуданд.






Санаи 09.11.2023 дар толори тарабхонаи "Манижа" Рӯзи кормандони милитсия бо иштироки собиқадорон ва кормандони соҳа бошукӯҳ таҷлил карда шуд.
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистон!
Санаи 04.11.2023 дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!














