Матни равон

Санаи 21.02.2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023,  №411 тасдиқ гардидааст ва қарори Раиси шаҳри Гулистон "Дар бораи тайёр намудан ва гузаронидани тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон" тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуӣ "Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳри Гулистон ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ" дар шаҳр баргузор гардид.

Нахуст дар дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр

бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи хадамотҳои мудофиаи гражданӣ маросими оғози тамринот баргузор гардида, аз ҷониби роҳбари тамринҳои ситодӣ, муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва муовини роҳбари тамриниҳои ситодӣ, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, подполковник Шуҳрат Алиев ба роҳбарони хадамотҳои шаҳр доир ба рафти баргузории тамринҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Ҳадафи баргузории тамринҳои ситодӣ чунин арзёбӣ мегардад:

- баланд бардоштани омодагии мақомотҳои идоракунӣ, ҳайати шахсии хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳои дар наздашон истодаи замонҳои осоишта ва ҷангӣ;

- баланд бардоштани маҳорати ҳайати шахсии зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ оид ба масълаҳои ҳифзи аҳолӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо дар вақти рух дожани ҳолатҳои фавқулода;

- мустаҳкам намудани дониши назариявӣ ва мукаммал намудани малакаи амали ҳайати шахсии мақомотҳои идоракунӣ, ҳайати роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар иҷрои корҳои наҷотдиҳию таъхирнапазир ва умуман, ҳифзи аҳолӣ, ҳудуд, чорво, растаниҳо, моликияти давлатӣ ва хоҷагии халқ.

Тамриниҳои ситодӣ мувофиқи нақша фарогири 8 соат буда, дар давоми рӯз аз ҷониби муовини роҳбари тамринҳои ситодӣ,  сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, подполковник Шуҳрат Алиев ва сардори ситоди тамринҳои ситодӣ, афсари калони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Достон Мирзоев аз як қатор хадамотҳои ҳудуди шаҳр дидан карда шуда, рафти баргузории тамринҳо, омодагии ҳайати шахсӣ, дар ҳолати коршоямӣ қарор доштани техникаҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ аз назар гузаронида шуда, ба масъулин ҷиҳати омодагии ҳамешагӣ суҳбат гузаронида шуд.

Ҳамаи роҳбарони хадамотҳо аз рафти баргузории тамринҳо ба унвони роҳбари тамринҳои ситодӣ маълумоти хаттӣ пешниҳод намуданд.

Бегоҳирӯзӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рафти тамринҳои ситодӣ натиҷагирӣ карда шуда, фаъолон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:867
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2281
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14199
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:7514
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7739904

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?