20 Апрел 2024
Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Бо эҳтиром Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми сокинони пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанберо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон самимона муборакбод мегўям.
Сокинони кишвари маҳбубамон, сарфароз аз он ҳастанд, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарӣ ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ватани азизамон беш аз пеш рушду нумуъ ёфта истодааст.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишварамон дар ҳама соҳаҳо бо комёбиҳои назаррас ноил гардид. Шаҳри Душанбе зебою дилоро шуд. Имрӯз бо табиати зебои худ дили ҳазорон шаҳрвандони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.
Эълон гардидани шаҳри Душанбе чун “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар соли 2021 боиси сарфарозии мост ва он моро водор менамояд, ки барои ба ин ном сазовор шудан, аз ин беш саъю кӯшиш намуда, барои гул-гулшукуфонии пойтахти кишвари азизамон саҳмгузор бошем.
Ободию бунёдкориҳои фавқуззикр, ки дар миқёси пойтахт солҳои охир рӯи кор омаданд, қатрае буданд баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии соҳибистиқлолӣ корҳои бунёдкорӣ дар авҷанд. Чунин ташаббускорию сарҷамъии мардуми кишвар барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни пуршукӯҳи таърихии миллию давлатӣ туҳфаи беназиру беҳтаринест, барои сокинони ватандӯсту ободгари шаҳри зебоманзари Душанбе.
Қомат рост кардани биноҳои хуштарҳи маъмурию истиқоматӣ, бунёди боғҳо ва дигар иншооти фарҳангию фароғатӣ, чаманзору гулгаштҳо пойтахти тоҷикон - Душанберо имрӯз ба яке аз шаҳрҳои зеботарин табдил додааст. Ҳамарӯза корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт вусъат ёфта истодаанд.
Рӯйдоди хотирмони дигар ин аст, ки соли 2017 дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи туризмӣ ояндадор шаҳри Душанбе мақоми аввалро касб кард.
Имрӯз шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва маркази илму фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик боиси ифтихори хурду бузурги мамлакат мебошад ва бурду бохти он на танҳо ба сокинони пойтахт, балки ба кулли мардуми кишвар тааллуқ дорад.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 100 сол аст, ки арзи ҳастӣ дошта, ҳамчун мавзеи куҳанбунёд ва дар айни замон ҷавон дар радифи шаҳрҳои бостониамон дар ҳаёти мардумамон нақши муассир гузоштааст.
Бори дигар ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи сокинони кишвар ва бахусус сокинону меҳмонони шаҳри дилорои Душанберо бо ин санаи фархунда самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як сокини пойтахт суботу оромӣ, файзу баракат, саодати рӯзгор ва ба шаҳри ҳамешасабзамон пешрафту ободии боз ҳам бештар орзу менамоям.
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе муборак бод!