Матни равон

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 77 сол пур мешавад ва ин ҷашнро тамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана таҷлил мекунанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва нажодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод.

Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти ин ғалаба таъкид намудаанд, ки: «Ҳар як рӯзи пурфоҷиаи ҷанг барои халқҳои Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон як имтиҳони ҷиддӣ ва сабақӣ гардида буд. Имрӯз баъди гузаштани чандин даҳсолаҳо мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки халқи тоҷик якҷо бо халқу миллатҳои гуногун бар зидди мусибату машақатҳои бениҳоят вазнини ҷанг истодагарӣ карда, аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашт ва дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми муносиб гузошт”.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 300 ҳазор нафар ватандӯстони тоҷик (аз онҳо 78 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд), дар ҷабҳаҳои мубориза шуҷоати мардонагӣ нишон дода 92 ҳазор нафарашон (аз онҳо 30 ҳазор нафарашон аз вилояти Суғд) дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд. 44 ҳазору 957 нафар (асосан калонсолон) барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир (Свердловск, Чилябенск, Новосибирск, Татаристон ва дигарҳо) фаъолият мекард, сафарбар шуда буданд ва бо меҳнати шуҷоатноки худ ба ғалабаи халқи Шӯравӣ саҳм гузоштанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон зиёда аз 60 ҳазор нафарашон дар 250 амалиётҳои ҳарбӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. Баҳри хидматҳои шоён 67 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба Унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (15 нафарашон аз вилояти Суғд) сазовор шуданд.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар оғози ҷанг аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ якуним миллион нафар буд. Яъне бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо – қувваи асосии корӣ ба ҷанг рафтанд. Дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон асосан кӯдакон ва занону пиронсолон монда буданд, ки тамоми машаққату маҳрумият ва заҳмату вазниниҳоро бар дӯш доштанд.

Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шабонарӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас аст. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин ғалаба намерасидем. Дар он давраи мудҳиш мардуми мо – занону кӯдакон ва шахсони солхӯрда дар ақибгоҳ бо заҳмату вафидокории бемисл рӯзи ғалабаро наздик мекарданд. Шиори умумихалқии «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» барои мардуми меҳнаткашони тоҷик низ шиори муқаддас гардид. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кӯтоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуданд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҳудуди шаҳри Гулистон ягон нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нестанд. Албатта, ин тақозои зиндагии инсон ва ҳукми қонуни табиат аст. Имрӯз аз садҳо нафар иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ танҳо 2 нафар заҳматкашони диловари ақибгоҳ дар шаҳр дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Халқи Тоҷикистон дар солҳои ҷанг фазилатҳои хуби ватандӯстию иродаи шикастнопазир нишон дода, тавассути қаҳрамонию ҷонбозиҳо дар кори ғалаба ҳиссаи арзандаю шоиста гузошт. Он қаҳрамонӣ, шуҷоату диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон доданд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси мардонагӣ буда, дар китоби таърихи Ватан бо хатҳои заррин сабт шудааст ва насли ҷавони имрӯза вақте ки онҳоро варақгардон мекунад, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шуҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомӯзад.

Имрӯз хотираи он родмардони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии орому осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида, дар барқарорсозии харобаҳову вайронаҳои оқибати мудҳиши он ва дар пешрафту рушди соҳаҳои хоҷагии халқамон ҷонфидо гардидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст.

Дар оянда низ корнамоиҳои падару бобоёни мо ҳамчун намунаи олитарини садоқату матонат ва меҳанпарастӣ барои мо хоҳад буд. Мо сари таъзим ба ёди ҷонбозиҳои онҳо фуруд оварда, ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии осоиштаву ороми мо, кору пайкори созандаву бунёдкоронаи моро нохалафҳои ҷангҷӯву фитнаангез, иғвогарону бадхоҳони миллату давлат халалдор намоянд.

Бо самимият ҳамагонро бо 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 табрик намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва музаффариятҳо таманно дорам.

Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2144
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4444
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:2145
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:32734
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:61620
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106320
mod_vvisit_counterҲамагӣ:5250300

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?