Санаи 22.03.2024 дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона барпо карда шуд.
Дар чорабинии идона Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази "Тоҷикстандарт" дар вилоят Ғайбулло Муҳиддинзода иштирок намуданд.
Нахуст, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода сокинони шаҳрро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт.
Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинзода паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.
Мақолаҳои боқимонда...
- Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳр!
- Баргузории мулоқот бо фаъолон ва сокинони ҷамоати шаҳраки Консой оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баён доштанд
- МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВОБАСТА БА СОЛИ 2024 ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ”






Санаи 20.03.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Санаи 19.03.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ санаи 11-уми марти соли ҷорӣ баён доштанд, бо фаъолони шаҳр мулоқот баргузор гардид.
Санаи 19.03.2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷаласаи корӣ бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва шахсони масъул доир гардид.















