Матни равон

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, санаи 24.06.2024, ба ифтихорӣ таҷлили 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон мизи мудаввар таҳти унвонӣ "Ваҳдат - сарчашмаи сулҳу суботи кишвар" бо собиқадорон, кормандон ва фаъолони ҷамоат, ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ҳамзамон, Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Абдураҳмонов Аҳлиддин, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Боқиев Рустам, мудири бахши кор бо занон ва оила Сатторова Матлуба, раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон Наргиза Бердиева ва як гурӯҳ собиқадорони ҷамоати мазкур иштирок ва суханронӣ намуда таъкид доштанд, ки бисту ҳафт сол муқаддам, санаи сарнавиштсози халқу миллати тоҷик - Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро расид. Ба имзо расидани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997-ум ба вуқӯъ пайваст, барҳақ, воқеаи таърихиву тақдирсоз на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои кулли ҳаммиллатони бурунмарзиамон низ буд, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ хондаанд.

Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии мардум дар саросари кишвари маҳбубамон буда, тоҷикистониёнро ба мафкураи ягонагӣ, бародариву баробарӣ сарҷамъ кардааст. Маҳз барои ба даст овардани Ваҳдати миллӣ нақши асосиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик иҷро намудаанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузоштаанд.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот аз дастовардҳо ва бурду бохти даврони соҳибистиқлоли ёдовар шуда, таъкид карда шуд, ки бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузори карда, ин неъмати олӣ - ҳам-зистиву осоиштагии миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намуда, барои бо дастовардҳои назаррас ва шоён истиқбол намудани ҷашни ҳумоюни миллӣ ва таърихии 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ҷидду ҷаҳд намоянд.

Дар фарҷоми чорабини, собиқадори меҳнат ва фаъоли ҷомеаи шаҳрванди  барои баргузории чунин як вохурии муфид ва саривақтӣ изҳори сипосмандӣ намуда, таъкид дошт, ки мо собиқадорон ва кулли шаҳрвандони ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон аз он шукргузор ҳастем, ки  дар чунин фазои сулҳу субот, Ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамзистӣ ва зери сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият ва зиндагии босаодат дорем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:981
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4131
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5112
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71124
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7959472

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?