Матни равон

Санаи 20 июни соли 2024 дар толори Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”  дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” дар байни занон- хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти озмуни мазкур Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо, ин баланд бардоштани малакаи кории занону духтарон- хизматчиёни давлатӣ мебошад. Маҳз, ғамхории пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати зан –модар аст, ки имрӯзҳо дар Ватани маҳбубамон барои занон имкониятҳои хубе фароҳам оварда шуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин озмунҳо, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос барои тамоми соҳаҳои мамлакат аз ҳисоби занону бонувон мебошад ва озмуни мазкур дар муддати 7 сол дар мамлакат баргузор мегардад.

Довталабон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, аз рӯйи се зинаи синнусолии хизмати давлатӣ ғолибон муайян гардида бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардид, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Аз ҷумла  Дилрабо Каримӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳр дар байни хизматчиёни давлатӣ, ки аз 2 то 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд сазовори мақоми аввал ва Маҳбуба Шодизода дар байни хизматчиёни давлатӣ, ки зиёда аз 10 сол собиқаи хизмати давлатӣ доранд сазовори мақоми сеюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин,  Нигина Қобилова корманди Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон барои иштироки фаъолона бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:965
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4131
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5096
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71108
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7959456

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?