Матни равон

Имрӯз, 21 июни соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум доир гардид.

Кори Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби ҳайати котибот ва тасдиқи рӯзнома оғоз гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, муовини якуми Раиси шаҳр, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилотҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи иҷлосия панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иҷлосия  таҳти роҳбарии Раиси шаҳр  Раъно Ҳошимзода баргузор шуд.

Аз рӯи масъалаи якум доир ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 06.05.2020, №144 “Дар бораи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва нақша чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025  муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, таҳти №599 “Дар бораи тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, қарори Раиси вилояти Суғд аз 23.01.2020, №31 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, қарори Раиси шаҳри Гулистон “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” аз 06.05.2020, таҳти №144 ба тасвиб расида, нақша чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025 иборат аз 29 банд таҳия ва тасдиқ гардида, аз ҷониби масъулин доир ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабинӣ табдирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Доир ба масъалаи мазкур Наргиза Бердиева  раиси ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба музокира баромад.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба қисмҳои даромадҳо ва хароҷоти маблағи буҷетӣ бо ҳамовозии вакилон лоиҳаи қарори пешниҳодшда ҷонибдорӣ ёфт.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ Бибимавҷигул Собирова  аъзои Комиссия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сино” №4  суханронӣ намуд.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзнома ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ” №2 Далер Ҳоҷиев  шунида шуд.

Тибқи масъалаи охири рӯзнома тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азимӣ доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барнома дар шаҳри Гулистон изҳори назар намуд.

Дар фарҷом Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳаҳои хоҷагиии халқи шаҳр ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия хотима ёфт.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1050
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4131
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5181
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71193
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7959541

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?