Имрӯз, 22.02.2024 тибқи барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳр рӯзия ягонаи ахбори сиёсӣ таҳти унвони "Ҳифзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост" баргузор гардид.
Тарғиботчиёни шаҳр дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шуҳрат Алиев сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.






Санаи 20.02.2024, дар муассисаи таълимии №1-и маркази шаҳр доир ба огоҳсози аз падидаҳои номатлуб экстремизм-терроризм, коррупсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, интихоби касб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо иштироки волидайн вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Санаи 21.02.2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2024, ки бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023, №411 тасдиқ гардидааст ва қарори Раиси шаҳри Гулистон "Дар бораи тайёр намудан ва гузаронидани тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Гулистон" тамриноти ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзуӣ "Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании шаҳри Гулистон ҳангоми гузаштан аз замони осоишта ба замони ҷангӣ" дар шаҳр баргузор гардид.
Санаи 16.02.2024 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи Комиссия таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои қаламрави шаҳр таҳти раёсати муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода баргузор гардид. Дар ҷаласкаи мазкур мудири бахши нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шералӣ Раҳмонов, сардори шуъбачаи бозрасии давлатии автомобилии ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Раҳимзода Ғ.Ғ., нозири калони ШБДА-и шаҳр Эсозода Ҷ.А., раисони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони хатсайрҳои №40, №101, №66, №45 ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.
Имрӯз, 15.02.2024 дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳр тибқи нақшаи муштараки баргузории мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023, ки аз 9-уми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст вохӯрӣ баргузор гардид.













