Матни равон

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, №АП-479 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 26.02.2024, №48 “дар бораи ташкил ва  гузаронидани даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  санаи 22.06.2024 дар толори Кохи “Суғдиён” ва Арт-галереяи шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менмоянд баргузор гардид.

Дар даври вилоятии озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон 33 нафар ғолибони даври шаҳрӣ аз рӯйи чор наминатсия сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ, дизайни мӯд ва бофандагӣ иштирок намуданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти Озмун 5 нафар аз шаҳри Гулистон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Фархунда Эркаева аз рӯйи номинатсияи ороиши амалӣ дар зинаи синну соли аз 18 то 35 сола сазовори ҷойи дуюм, Насиба Қурбонова аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар зинаи синну соли аз 12 то 17 сола сазовори ҷойи дуюм, Раҷабҷон Эркаев аз рӯйи номинатсияи сарояндагӣ дар зинаи синну соли аз 18 то 35 сола сазовори ҷойи сеюм, Фарзона Амонова аз рӯйи номинатсияи дизайнери мӯд дар зинаи синну соли аз 12 то 17 сола сазовори ҷойи сеюм ва Аниса Ҷӯраева аз рӯйи номинатсияи дизайнери мӯд дар зинаи синну соли аз 18 то 35 сола сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ин дастоварди шоёнро ба аҳли фарҳанги шаҳр муборакбод гуфта, ба ғолибони даври вилоятӣ дар даври ниҳоии озмун комёбиро таманно менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1031
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4131
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5162
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71174
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7959522

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?