Матни равон

Санаи 22.06.2023 тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр дар толори Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-ишаҳр таҳти унвони “Ваҳдат пойдевори давлат ва ҳастии миллат аст” ба ифтихори 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо конференсия баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармуҳаррири рӯзномаи “Шуълаи умед” Мирзоаъзам Мақсудов ва устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Бароатхон Махкамова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Оид ба татбики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак" ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, инчунин бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, бартараф намудани хушунат дар оила ва ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону бонувон мизи мудаввар дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон баргузор гардид.

Дар семинар-тренинг намояндагон аз маркази таълими калонсолон, занҳои хонашин ва занҳои болаёқат иштирок доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр доир ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо, пешгирии хушунат дар оила ва ҷалби занону бонувон ба касбомӯзӣ суханронӣ намуд.

Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози тими мунтахаби кишвар ва сарбони ҳозираи дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев академияи футболи “Сомониён” таъсис дода шуд.

Академияи футболи “Сомониён” бо чорабинии тантанавии идона ба фаъолият оғоз намуд.

Дар марҳилаи кушодашавии академияи футболи “Сомониён” аъзои академия, мураббиён, волидайн иштирок намуданд.

Чорабинии тантанавии кушодашавии академия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Санаи 17.06.2023 дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳкоимияти давлатии шаҳр бо фаъолони шаҳр бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзаалӣ Назирзода ва Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи кории мазкур муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва соҳибкорон иштирок доштанд.

Нахуст муовини Раиси шаҳр Ғайрат Оқилзода доир ба рафти иҷрои нақшаи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Итсиқлоли давлатӣ маълумот дод. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷиҳати иҷрои Фармони Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи  соли  2022, №311 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон”, қарори Раиси Вилояти Суғд аз 11-уми феврали соли 2022, №41 ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 5-уми марти соли 2022, №76 “Дар бораи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон” ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳо бо назардошти тағйиру иловаҳо дар 117 иншоот тасдиқ намуда, ҷиҳати иҷрои он корбарӣ намуда истодааст.

Санаи 16.06.2023 муовини роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Муҳаммадӣ Абдусатторзода бо ҳамроҳии гурӯҳӣ корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Зарнисор дидан намуданд.

Гурӯҳи корӣ нахуст аз маркази саломатии шаҳрак дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи мазкур соли 1958 сохта ба истифода дода шудааст. Дар муассиса барои қабул ва табобати  28 бемор дар як вақт имконият дорад. Дар муассиса норасоии кадр мавҷуд мебошад.

Сипас, гурӯҳи корӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳрак дидан намуд. Тавре зикр карда шуд, бинои муассиса соли 1957, барои 450 нафар дар ду баст сохта ба истифода дода шудааст. Боми муассиса аз ҷониби ширкат соли 2017 таъмир карда шудааст. Сарулибос барои хонандагон аз ҷониби ҶДММ “Маҳина” тибқи шартнома омода карда мешавад. Аз ҷониби кумитаи падару модарон 12 синфхона таъмир карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1583
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2700
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:21037
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:33861
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8933923

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?