Муҳтарам собиқадорон ва намояндагони васоити ахбори омма,
Ҳамшаҳриёни азиз!
Басо рамзист, ки ҳамасола дар остонаи фарорасии фасли зебои сол, баҳори нозанин ва муждагонӣ аз Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Соли равон матбуоти тоҷик, ки аз нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» сарчашма мегирад 112 сол пур мешавад.
Дар воқеъ матбуот аслиҳаи тавонои тарғибу ташвиқот, воситаи оммавию ҷиддии таъсиррасонӣ ва тарбияи маънавию ахлоқии омма ба ҳисоб меравад. Дар раванди муносибатҳои сиёсии ҷомеа, иттилоърасонӣ ба мардум ва сарҷамъиву иттиҳод воситаҳои ахбори омма яке аз институтҳои сиёсии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, нақши барҷаста дорад. Тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рушди устувори ҷомеа васоити ахбори оммаро ба яке аз воситаҳои муҳими таҷассумгари ҳаёт табдил додааст.






Санаи 06.03.2024 дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар бо иштироки бонувони собиқадор ва фаъолзанон миззи мудаввар баргузор гардид.
Имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандзанони КДФ "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр"-ро табрику таҳният намуд.
Имрӯз, 07.03.2024 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд.
Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!
















