Матни равон

Субҳи имрӯз, 07.03.2024 ба муносибати Рӯзи Модар дар маҷмааи “Тоҷикистон ба пеш!!!” Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кормандони Раёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳрро табрику таҳният намуд.

Таъкид карда шуд, ки Рўзи модар дар кишвар бо пешниҳод ва ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар доир ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа таъкид намуданд, ки: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.

Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Санаи 05.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаи Сарбанди маркази шаҳр бо сокинони маҳалла вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур ҳайати гурӯҳи тарғиботии шаҳр муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Комрон Қаҳҳоров, комиссари ҳарбии шаҳр Хайрулло Сатторзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.

Санаи 05.03.2024  дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар–бақои ҳаёт”  бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар конфренсияи мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Исмоил Саидов мудири бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Матлуба Сатторова сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Имрӯз, 05.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр бо хонандагони синфҳои 7-11 вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур ҳайати гурӯҳи тарғиботии шаҳр намояндаи шуъбаи маориф  Ҳайдаров Алишер, шуъбаи кор бо ноболиғони ШВКД-и дар шаҳр Содиқзода Рухшона, намояндаи муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр Бобокалонов , сармутахассиси ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Сатторова Матлуба ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Абдураҳмонов Аҳлиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст.

Имрӯз, 28.02.2024  дар шаҳри Хуҷанд тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2024 тасдиқ гардидааст, даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарин” бо иштироки намояндагони шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур ғолибон аз шаҳри гулистон низ аз рӯйи бахшҳои озмун фаъолона иштирок намуданд.

Дар натиҷа намояндаи шаҳри Гулистон Гулрабо Ҷабборӣ дар бахши “Маҳорати омода намудани хӯришҳо” сазовори ҷойи аввал гардида, бо дипломи дараҷаи як ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадрдонӣ гардид.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

ТАВАҶҶУҲ, ОБ ЗАХИРА КУНЕД!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба самъи сокинон ва меҳмонони шаҳр мерасонад, ки бинобар бар...

27 Апр 2026

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:4622
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4044
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11414
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22027
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4622
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:106078
mod_vvisit_counterҲамагӣ:9670382

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?