Имрӯз, 15.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар толори қасри фарҳанги Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳр вохӯрӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили муттаҳидии миллат” бо иштироки сокинони шаҳрак баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок, корманди комиссариати ҳарбӣ Парвиз Касирзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.
Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волоияти қонун дар мамлакати мо бештар аз сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстӣ вобаста аст. Имрӯз муносибатҳои як шаҳрванди Тоҷикистон бо давлат ва ҷомеа куллан тағйир меёбад. Вай имкониятҳои бузург барои дарк намудани худ ҳамчун шахси мустақил дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт пайдо кард ва ҳамзамон масъулиятро барои тақдири худ ва тақдири одамони дигар афзоиш дод. Дар чунин шароит, ватандӯстӣ арзиши гаронеро, ки на танҳо ҷанбаҳои иҷтимоӣ, балки маънавӣ, идеологӣ, фарҳангӣ-таърихӣ, низомӣ-ватандӯстӣ ва дигар ҷанбаҳоро фаро мегирад.






Имрӯз, 14.03.2024 дар толори ҶМТКММ "Апрелевка" бо сокинони ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” вохӯрӣ баргузор гардид.
Имрӯз, 14.03.2024 дар толори ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр тибқи нақшаи муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқкуқӣ”, расонидани нуктаҳои муҳими мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони аҳли ҷоме ва ходимони дини кишвар, фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” мулоқот баргузор гардид.
Муҳтарам кормандони мақомоти Прокуратураи шаҳр!
Санаи 13.03.2024 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати шаҳраки Консой бо сокинони маҳалла вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонону шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ҷомеа вохӯрӣ баргузор гардид.















