Матни равон

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» конференсия таҳти  унвони «Ҷавонон- пайравони Пешвои миллат» бо иштироки вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, роҳбарони корхонаҳо, фаъолони ҳизб,  собиқадорон, бонувону ҷавонон, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр роҳандозӣ гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ конференсия оғоз ёфт.

Нахуст, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода мақсад ва ҳадафи баргузории конференсияро ба саҳми ҳозирин расонид.

Сипас, Шарифҷони Саидраҳмон – муовини раиси шаҳри Гулистон зимни баромади хеш  табрикоти раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳишмзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро расонида, иброз дошт, ки дар партави  ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун нерӯи бузург, ояндасоз баҳри фардои дурахшони кишвар саҳмгузоранд.

Мухтор Толибзода – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зикр намуд, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвари худ ифтихор доранд, зеро ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъоланд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Маърӯзачиён мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон - Аҳлиддин Абдураҳмонов, сармутахассиси Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Дилноза Пулотова, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон”Созандагони Ватан” Зинҳор Раҳматов ва  Шукрона Рӯзибойзода дар мавзӯъҳои “ Ҷавонони даврони соҳибистиқлол”,  “ Хизмат ба Ватан-шараф аст! ”,  “Пешвои миллат” ва “Тоҷикистони маҳбуб” баромад намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иброз дошт, ки  ҷавонони саодатманд, зодагони даврони соҳибистиқлоли кишвари маҳбубамон, пайравони роҳбари бохиради Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон -Тоҷикистон то абад боқӣ мемонанд. Насли наврасу ҷавон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фарҷоми  конференсия ба аъзои навинтихоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, ба ҷавонони фаъол ва пешқадамон аз соҳаҳои гуногун  медали ҷашнии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сипосномаҳои  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Конференсия  бо садо додани Суруди миллӣ ба итмом расид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3134
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3252
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20369
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:86381
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7974729

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?