Матни равон

Имрӯз, 26.06.2024 тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва филиали ИҶТ дар шаҳри Гулистон, дар толори қисми ҳарбии 45025 КҲФМГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Конфренсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон–меъмори давлати миллии тоҷикон” бо иштироки афсарону сарбозон баргузор карда шуд.

Дар кори Конфренсия Шарифҷони Саидраҳмон муовини Раиси шаҳри Гулистон, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон,  Подполковник Назаров Тошкенбой-муовини Сардори Раёсати Қушунҳои Кумитаи ҳолатхои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абуалӣ Абдуворисзода муовин оид ба корҳои тарбиявию сиёсии қисми ҳарбии мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ – барои тоҷикону тоҷикистониён рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил ба шумор рафта, асоси рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишварро дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон таҷассум мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - поягузор ва меъмори Ваҳдати миллӣ дар бораи машаққати ба даст овардани сулҳ таъкид намудаанд, “Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад”.

Ба даст омадани Ваҳдати миллӣ дар пешрафту тараққиёти Тоҷикистон давраи тамоман навро оғоз кард. Ислоҳоти ҷиддии иқтисодие, ки давлат ва ҳукумат дар давраи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон пеш гирифтанд, маҳз дар вазъияти сулҳу осоиш ва фазои ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшиданд.

Халқ, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз Ваҳдати миллӣ саъю талош намуда, дар давоми 33 соли Истиқлолияти миллии мамлакат ба ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати маънавӣ, ваҳдати иқтисодӣ, хулоса ба якпорчагии Ватани азизи худ муваффақ гардид. Ба даст овардани оштии миллӣ ва ризоияти ҳамаи табақаҳои мардуми кишвар бори дигар собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари хирадманд – меъмори Кохи Ваҳдати миллӣ ва халқи бурдбори мо дуруст ва бебозгашт аст.

Дар баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ба ва сулҳу осоиштагӣ болоравии некуаҳволии халқ ва комёбиҳои меҳнатӣ дар ҳама равандҳои иқтисодиву фарҳангӣ мавқеи давлати мо дар миқёси байналхалқӣ хеле мустаҳкам гардидааст. Эътирофи сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳони муосир, дастгирии ташаббусҳои байналхалқии мамлакати мо ва торафт афзудани ҳаҷми инвеститсияҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар боз як далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1029
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4131
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5160
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16250
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:71172
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:81973
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7959520

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?