Имрӯз, 12.10.2024 тибқи нақшаи баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси фаъолон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, расиони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардори Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳакимҷон иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода кори маҷлисро оғоз намуд. Муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Гулистон дар нуҳ моҳи соли 2024 маърӯза намуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ, ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
- КОНФЕРЕНСИЯИ XXIX ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН БАРГУЗОР ШУД
- ИШТИРОКИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ВА БОНУВОН ДАР ҶАМЪОВАРИИ ТИЛЛОИ САФЕД






Субҳи имрӯз, 12.10.2024 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди МИҲД шаҳри Гулистон бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону наврасон ва сокинон машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид.
Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, санаи 11 октябри соли 2024 дар кохи "Истиқлол"-и маркази шаҳр бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр мулоқот доир гардид.
Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 10 октябри соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки мудирони шуъбаву бахшҳо ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр доир ба пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, экстремизму терроризм ва таҳдиди он ба амнияти давлат мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми Раиси шаҳр Даврон Муҳаммадзода ва сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Қаҳҳоров Комрон иштирок ва суханронӣ намуданд.













