Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 10 октябри соли 2024 дар толори кохи фарҳангии "Истиқлол"-и маркази шаҳр бо ҷавонони МТМУ №14-и маркази шаҳри Гулистон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, ёрдамчии прокурори шаҳри Гулистон Ғоибназарова Гулчеҳра, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД Матлуба Сатторова ва нозири калони кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Содиқзода Рухшона иштирок ва суханронӣ намуданд.






Дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода баргузор гардид.
Имрӯз 06.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, бо роҳбарии мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон як гурӯҳ занон ва собиқадорони меҳнат ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Имрӯз 06.10.2024 барои ёрӣ расонидан ба дастранҷи меҳнати кишоварзон, ҷавонони шаҳри Гулистон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ҷиҳати расонидани кумак барои саривақт ҷамъоравии ҳосили хоҷагии деҳқонии “Абдураҳим Ҷумаев”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафарбар карда шуданд.
Омӯзгорони арҷманд!













