Матни равон

Санаи 14.02.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати шаҳраки Консой аз ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дидан намуд.

Нахуст Раиси шаҳр бо лоиҳаи бунёди дарвозаи даромадгоҳи шаҳраки Консой шинос гардида, ҷиҳати бо тарҳи наву замонавӣ сохтани он ба масъулин супориш дод.

Сипас, аз вазъи фаъолияти муассисаи таълимии томактабии шаҳрак дидан карда шуд. Тибқи нақша муассисисаи мазкур таъмиру азнавсозӣ карда мешавад. Вобаста ба ин масъала, ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ ба масъулин ва маъмурияти муассиса дастур доа шуд.

Ҳамчунин, аз рафти таъмиру азнавсозии беморхонаи ҷамоати шаҳрак дидан карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корҳои таъмиру азнавсозӣ дар марҳила анҷомёбист.

Имрӯз, 14.02.2024 дар толори маҷлисгоҳи ҶМТКДММ “Апрелевка” доир ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо кормандон вохӯрӣ багузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ва директори генералии ҶМТКДММ “Апрелевка” Бахтиёр Саидаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯйи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.

Санаи 12-уми феврали соли 2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҳарбӣ - варзишии "Ватанпарвар" байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 1, 2, 12, 13 бо иштироки директори МД "Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон", мушовири ҳарбӣ-варзишии шуъбаи маориф ва сармутахассиси ТҶММ вилояти Суғд ботантана ташкил ва гузаронида шуд.

Озмун тибқи Низомнома аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд:

- машқҳои сафороӣ;

- тарбияи ҷисмонӣ;

- омодагии дифои ҳарбӣ;

- мудофиаи гражданӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ;

- пешниҳод намудани варақаи ҳарбӣ;

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад.

Бо иштироки масъулини шаҳрдорӣ дар шафати роҳи асосӣ ва атрофи муассисаҳо дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.

Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Бо мақсади ҳифз ва нигаҳдории иншоотҳои маишиву хизматӣ ва тозаву озода намудани ҷуйборҳо аз ҳаргуна партовҳо санаи 10 феврали соли 2024, дар маркази шаҳр аксияи  тозагии маҳал  ташкил ва гузаронида шуд.

Дар аксияи тозагии маҳал  кормандони клрхонавк муассисаҳо  фаъолона иштирок намуданд.

Дар раванди баргузории аксияи тозагии маҳал аз гирду атрофи иншоотҳои варзишӣ, шафати биноҳои муассисаву ташкилотҳои ҳудуди шаҳр ва ҷуйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки баргузории аксияи тозагии маҳал  имкон медиҳад, ки ҳусну таровати хиёбонҳои ҷамоати шазрак дилработар гардида, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинон имконият фароҳам меорад.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

10 Сен 2025

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1706
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3472
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18460
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12824
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:31284
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:73368
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8931346

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?