Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 25 сентябри соли 2024 дар МТМУ №2 Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон бо ҷалби ҷавонон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси татбиқи забон дар МИҲД шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, сармутахассиси шуъбаи маориф Ҳайдаров Алишер ва раиси шаҳраки Чоруқдаррон Наргиса Бердиева иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мақолаҳои боқимонда...
- ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ МУҚАДДАСИ ШАҲРВАНДИСТ!
- Таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсии шаҳрвандон–василаи пешрафт ва пешгирии ҳамагуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа!
- БАРГУЗОРИИ СИТОДИ НАВБАТИИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ






Имрӯз, 24.09.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода аз ҷараёни фаъоляти ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд.
Санаи 23.09.2024 ба ифтихори 1166-солагии Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар назди нипайкараи Рӯдакӣ воқеъ дар назди бинои бахши фарҳанги шаҳр маҳфили илмӣ адабӣ баргузор карда шуд.
Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб рафта ба қатори дастовард ва боигариҳои Тоҷикистон ворид карда шудааст.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!













