Имрӯз, 05.10.2024 дар МД “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и шаҳр ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 дар шаҳри Гулистон” озмуни шаҳрии “Беҳтарин посдори забони тоҷикӣ” миёни хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии Озмун мутахассиси татбиқи забон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев ҳадаф ва тартиби баргузории озмунро ба иштирокдорон фаҳмонида, аъзои Комиссияи озмун ва ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд.






Бо эҳтиром ва сарфарозиву ифтихор ва шукрона аз тинҷиву осоиштагӣ ва рушду тараққиёти бемисли Ватани азизамон Шумо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии 72-юмин баҳори умри пурбаракататон аз номи сокинони саодатманди шаҳри Гулистон самимона муборакбод менамоем.
Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи ҳастии миллат ва нишонаи муҳимтарини давлатдории миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад, ба мардуми шарафманди шаҳри Гулистонро бо ин ҷашни пурифтихор сидқан таҳният мегӯям.
Санаи 03.02.2024 дар Қисми мустақили 37-уми ХДО оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати шахсии ниҳоди мазкур семинари омӯзишӣ доир гардид.













