Санаи 14.09.2024 дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо иштироки ҷавонон ва сокинони касбу кори гуногун бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои пагоҳирӯзӣ таҳти унвони "Миллати ҷисман солим рӯҳан низ муқтадир ва шикастнопазир мебошад" доир гардид.
Ин тадбир дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалигардонии “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” ба роҳ монда шуд.






Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Тибқи барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба ташкил ва баргузор намудани ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия санаи 14.09.2024 дар шаҳри Гулистон ярмарка баргузор гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо дастгирии соҳибкорони бурунмарзиву ватанӣ, шахсони саховатпеша ва сокинони шаҳрак роҳи Адрасмон-Хуҷанд, ки тули 60 сол аст таъмиру таҷдид нагардидааст мумфарш гардида истодааст. Соли 2023 ин кори нек оғоз гардида, наздик ба 20 км роҳ пурра мумфарш гардида буд.
Имрӯз, 12.09.2024 тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар маркази шаҳр бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони "Истиқлолият-ормони таърихии миллат"бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Эмомалӣ Бобоев директори МДТИ иштирок ва суханронӣ намуданд.













