14-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон Дилрабо Каримӣ сазовори мақоми аввал гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ ва амалигардонии “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар байни занону духтароне, ки дар соҳаи хизмати давлатӣ фаъолият менамоянд, баргузор мегардад.






Имрўз 13.11.2024, дар толори ҶМТК "Апреловка" дар Ҷамоати шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон доир ба сазовор таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ 32-солагии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи кории МИҲД шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳри Гулистон дар мавзуҳои “Нақши Пешвои миллат дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш” ва “Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ” конференсия баргузор гардид.
Дар шаҳри Гулистон оид иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, доир ба омавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим тадбирҳои муассир мунтазам андешида шудаистодааст. Дар ҳамин замина нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бо тасдиқи Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Санаи 12.11.2024 дар толори маркази саломатии маркази шаҳр тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр доир ба мавзуи муҳими таърихиву сиёсӣ, доир ба солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони маркази саломатии маркази шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмону таҷдид ва навсозии иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дорад.














