Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.12.2023, №411 “Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои асоси оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2024 ” ва қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 04.01.2024, №3 ва Нақшаи чорабиниҳои асоси дар ин самт тасдиқ гардидаи шаҳри Гулистон, санаи 24 сентябри соли 2024 дар ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” баҳри ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда машқи иншооти да мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои иншоот ҳангоми заҳролудшавӣ аз моддаҳои сахттаъсири заҳролудкунанда” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар машқи мазкур қувва ва воситаҳои ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”, дастаи Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳии Хуҷанд, хадамоти тиббии шаҳраки Зарнисор ва хадамоти ҳифзи тартиботи ҷаъмиятии ШВКД-и шаҳраки Зарнисор дар шаҳри Гулистон бо шумораи умумии зиёда аз 85 нафар ҷалб карда шуда, соати 08:50 дақиқа тариқи маркази идоракунии иншоот бонги “Хатар” эълон карда шуда, амали қувва ва воситаҳои ҷалб гардида ҳангоми сар задани сӯхтор ва бартараф намудани оҷибатҳои он, корҳои наҷотдиҳӣ аз дохили кони зеризаминӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ, муайян намудани зарари расонидашуда, бурдани корҳои бартарафсозӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир санҷида шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- БАРГУЗОРИИ ХОНИШИ СИЁСӢ ДОИР БА ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ, ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ВА РИОЯВУ АМАЛӢ НАМУДАНИ ҚОНУНУ СТРАТЕГИЯҲОИ АМАЛКУНАНДА ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
- Раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода аз рафти фаъолияти истеҳсолии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дидан намуд
- Соҳибқирони шоирон устоди Рӯдакист!






25 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон омада, бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи истеҳсоли ноқили барқӣ, «Корхонаи металлургии тоҷик» ва ҶДММ «Доруи Суғд» шинос гардид.
Тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 25 сентябри соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бо ҷалби сокинон мулоқот доир гардид.
Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Гулистон дар доираи амалисозии Стратегияи милли фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Гулистон дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё семинари омӯзишӣ оид ба гузаронидани таҳлили гендерӣ, таҳияи стратегияҳо ва тарғиби пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардид.
Дар толори Кохи фарҳангии "Истиқлол”-и маркази шаҳр бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои мардумии ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2024, қарори раиси вилояти Суғд ва қарори Раиси шаҳр Фестивали шаҳрии атлас баргузор карда шуд.













