21 Феврал 2025
Дар рӯзҳои иду айём хабаргириву ҳолпурсии ашхосе, ки барои ҷомеа хизмат намудаанд, ба аъанаи нек табдил ёфта, гувоҳи равшани он аст, ки мардуми мо суннатҳои некро ҳамеша пос медоранд.
Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили 32-юмин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода як қатор собиқадорони хизмати ҳарбӣ ва модарони фарзандгумкардаро аёдат намуд.
Дар вақти суҳбат иҷрокунандаи вазифаи шаҳр Раиси шаҳр Илҳом Пӯлотзода таъкид намуд, ки меҳнати фидокоронаи пирони рӯзгор ҳамеша қадр шуда, фаъолияти бенуқсони онҳо мактаби бузург барои тарбияи насли ҷавон аст.
Илҳом Пӯлотзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба собиқадорону модарони фарзандгумкарда ва аҳли оилаи онҳо табрик гуфта, барояшон маводҳои яквақтинаи ниёзи аввал тақдим намуд.
Собиқадорон аз дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карданд.