26 Феврал 2025
Имрӯз, 26.02.2025 мутобиқи нақшаи баргузории вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон дар толори мактаби санъати маркази шаҳр вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Оқилзода Ғайрат Аҳмад - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, Маҷидов Баҳодур Бахтиёрович, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаи интихоботии “Балхӣ” №2, маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон пешниҳод намудааст, Муҳаммадзода Даврон, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Фирдавсӣ” №3, Файзуллозода Тахмина Муҳамад, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Сино” №4, Абдулоев Абдумуталиб Пўлотҷонович, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Бедил” №5, Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Сарбанд” №6, Зокирова Турсуной Шарифҷоновна, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон аз ҳавзаии интихоботии “Ҷавонӣ” №7 ва шахсони боэътимоди онҳо иштирок намуданд.
Вохӯриро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад ҳусни оғоз бахшида, мақсад ва моҳияти баргузории вохӯриро ба интихобкунандагон фаҳмонида, номзадҳоро ба интихобкунандагон шинос намуд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо ба интихобкунандагон номзадҳоро муаррифӣ ва номзадҳо назди интихобкунандагон доир ба барномаҳои пешазинтихоботии худ маълумот доданд.
Интихобкунандагон таклифу пешниҳодҳои худро ба номзадҳо иброз намуданд. Номзадҳо доир ба пешниҳодҳо ва саволҳо посух доданд.
Дар поёни вохӯрӣ аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда, ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” бо барномаи мукаммали фарогири ҳамаи самтҳои муҳим барои солҳои 2025-2030 дар интихобот ширкат меварзад ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳед.