1 декабри соли 2015 вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова бо кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ Каромат Қосимова баромад намуда, оид ба мақсаду мароми ҳизб, дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии бевоситаи раиси ҲХДТ,
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, баланд гардидани обрӯву нуфузи он ва зиёд шудани теъдоди ҳизбиён дар соҳаи маориф сухан кард.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба 6 нафар пешқадамони соҳа шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.






3-юми декабр дар Кохи Истиқлол семинар - машварати дастурдиҳии муштараки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Қайроққум ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд оид ба созишномаҳои коллективӣ, ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо раисони кумитаи иттифоқҳои касаба, сардорони шуъбаи кадрҳо баргузор гардид. Ҳадафи семинар – машваратӣ дастурдиҳӣ ба таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Қонунҳои Кодекси меҳнат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар ҷойи кор ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии кормандон, нигаронида шуда буд.














