17 декабр дар шаҳри Қайроққум Рӯзи ягонаи ахбор баргузор гардид. Тарғиботчиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ташкилоту корхона, Ҷамоати шаҳракҳо ва муассисаҳои таълимӣ рафта доир ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва ба ин мақоми арзанда сазовор гардидани Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон омили асосии рушди иҷтимоӣ» сухан карданд. Намояндагони касбу кори гуногун дар ҷараёни чорабинӣ ибрози назар карда, ин иқдоми муҳимро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи ягонаи ахбор дар бахши фарҳанг, Маркази саломатӣ, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», Ҷамоати шаҳракҳои Чоруқдаррон, Консой, ҶМ ТКММ «Апрелевка», осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», МТМУ-и №1 ва гимназия муташаккилона гузашт.






Дар МТМУ № 14 ба номи Нурилло Ҳувайдуллоев бо сармавзӯи «Ватанам-Тоҷикистон» машғулияти 91-умини маҳфили муштараку сайёр, илмию методӣ, амалию назариявӣ ва ҳуқуқию доимии «Корвони маънавиёт» баргузор гардид. Дар ибтидо сарвари маҳфил Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаралӣ Усмоналиев роҷеъ ба нақшаву ҳадафҳои маҳфил ибрози андеша карда, роҳбарон ва аъзои 9 зермаҳфилҳоро доир ба ҷараёни он тибқи нақша муваззаф намуд.














