Рӯзи 24-уми ноябри соли равон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ва фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гашт.
Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода гулистониёнро бо иди пуршукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуда, зикр кард, ки Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим Парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.






Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар толори ШВКД-и шаҳри Гулистон ҷамъомади идонаи ҷомеаи меҳнатӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини сардори ШВКД-и шаҳр подполковники милитса Баҳром Саидзода бо суханони ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, доир ба рамзи давлатӣ, мақом ва арзиши он сухан ронда, кормандонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Дар маркази шаҳр ва шаҳракҳои Гулистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву варзишӣ баргузор шуд.
Рӯзи 17-уми ноябри соли 2016 дар қаламрави шаҳри Гулистон Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Парчам- рамзи давлатдорӣ ва ҷовидонии миллат».















