Матни равон

Баъд аз гузашти 26 соли заҳмату машаққат, зиндагии марудми тоҷик рангу маънӣ пайдо кард. Субҳи кишвар таровату оҳанг дорад, шомаш накҳату тафреҳ. Майдоне, ки 26 сол қабл аз он бӯи ваҳшату сиёҳӣ меомад, ҳоло ба боғи хушнакҳате табдил ёфта, ки диққати кулли бинандаашро ба худ ҷалб месозад. Дар дилхоҳ манотиқи ҷумҳурӣ гузар мекунем, аз он бӯи гулу накҳати сулҳро эҳсос мекунем, ки бар димоғи мо мерасад. Куҷо дар солҳои 90-ум мо ҳарфе ба забон аз қанду наботу меваҳои шаҳдбор оварда метавонистем, мардум дар орзуи нон мемурданд. Акнун фаровонии бозору мағозаҳоро дар кишварро кӣ надидааст ва намебинад. Оромӣ, амонӣ, субот, қонуният ва ҳазорҳо паҳлуҳои дигари рушду инкишофи иқтисодиёти миллӣ мусбат ба назар мерсад.
Мутаассифона, вале созмонҳои байналмилаливу хориҷӣ онро нодида мегиранд. Созмони Transparency International (Шаффофияти байналмилалӣ), ки вазъи фасод ва ришвахорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, рӯзи 21 феврал гузориши солонаашро бо номи «Corruption Perceptions Index 2017» («Шохиси қабули фасод 2017») нашр карда, Тоҷикистонро дар раддабандии ҷаҳонии коррупсия дар як соли охир боз 10 зинаи дигар пойин намуда, дар байни 180 кишвар дар мақоми 161-ум, дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё гузоштааст. Ин тадқиқот аз ҳақиқат дур аст. Зеро ин созмони Transparensy International бар асоси ҷадвали 100-баллиаш ба Тоҷикистон ҳамагӣ 21 имтиёз додааст. дар ҳоле, ки соли гузашта Тоҷикистон дар гузориши ин созмон 25 имтиёз дошт. Ин ташкилот Тоҷикистонро дар байни 20 кишвари аз ҳама фасодзадатарини дунё ҷой додааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.
Интизор мерафт, ки мавқеи Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо фасод бо дарназардошти пешравиҳо беҳтар шавад. Вале тавре ба назар мерасад, муҳаққиқони байналмилалӣ талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои решакан кардани коррупсияро нодида мегиранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, ки «коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад». 
Дар зарфи 26 сол Роҳбари кишвар заҳмат кашида, миллатро ба ҷаҳониён шиносонид, давлатро аз як кишвари ҷангзада ба кишвари орому ободу озод табдил дод. Ба эътидол овардани давлату миллат кори осон наубд. Ва дар ин раванд ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштем.

Соибҷони С

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1122
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17469
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51068
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692988

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?