Бо ташаббуси Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдакон баҳри болида гардонидани хотири маъюбони бистаришуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 20 нафар кўдакони маъюб 2000 сомонӣ ва 28 нафар ятимони кул 2800 сомонӣ, дар маҷмўъ 4800 сомонӣ кумаки яквақтаи пулӣ супорида шуд.
Чунин чорабиниҳо дар маҳаллаҳои маркази шаҳр ва Ҷамоатҳои шаҳракҳо низ гузаронида шуда, кўдакони маъюб ва ятимон аз ҷониби намояндагони мақомити иҷроияии ҳокимияти давлатии шаҳр аёдат ва қадрдонӣ шуданд.






Ба ифтихори Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон бо иштироки беш аз 60 нафар кўдакон марафони дучархаронҳо баргузор гардид.
Дар Китобхонаи бачагонаи шаҳр бо иштироки хонандагон ва омўзгорон конференсия бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар мавзўи «Бачаҳо – ояндаи мо» гузаронида шуд.
















