Ҳамшаҳриёни азиз!
9-уми май ба яке аз Ғалабаҳои бузурги таърихи инсоният бар фашизми ғаддор 72 сол пур мешавад ва тоҷикистониён низ онро дар қатори дигар мамолики дунё бо тантана қайд мекунанд. Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини инсоният буд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Беш аз 290 ҳазор нафар фиристодагони он барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд.
Мо – тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳ, пуштибони осоиш ва таблиғгари фарҳанги сулҳ мебошем. Имрўзҳо сиёсатмадорон ва муҳаққиқони сиёсатшинос сулҳи тоҷиконро, Ваҳдати миллии моро, яке аз намунаҳои беҳтарини сулҳофарии олам дониста, тарҳи онро дар нуқтаҳои гуногуни дар ҳоли низоъ қарордошта, амалӣ карда истодаанд.






Дар арафаи иди бузург - Рўзи Ғалаба Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода, муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба хонаи собиқадори ҷангу меҳнат Самад Воҳидови 93-сола омада, ўро аёдат намуданд.
Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ҳафтаи сипаришуда дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори таҷлили иди касбии кормандони мақомоти андоз бо кормандони Нозироти андози шаҳри Гулистон мулоқот доир намуд.
Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» озмуни шаҳрии «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид. Дар озмун аз рўи шартҳои муаррифинома бо намоиши саҳначаи оилавӣ, савияи дониши сиёсӣ, омодасозии панҷ намуди таоми миллӣ, намоиши маҳорати эҷодӣ ва сару либоси кориву идона сурат гирифта, дар он 8 нафар намояндагони ҷамаоти шаҳракҳо ва муассисаву корхонаҳо ширкат варзиданд. Намояндаи КВД осоишгоҳи «Шифо» Шаҳноза Тоҷихолова бо гирифтани 122 хол сазоври ҷойи якум ва роҳхат ба озмуни вилоятӣ гардид.














