Санаи 3-юми феврал дар Ҷамоати шаҳраки Сирдарё қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳр сурат гирифт, ки дар ин вохўрӣ мудирони шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода таъкид намуд, ки масъалаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва саривақт ҷавоб додан ба онҳо имрўз дар мадди назари Ҳукумат ва Сарвари кишвар буда, аз мо масъулин тақозо менамояд, ки ба ин масъала аҳамияти ҳарчи бештар диҳем.
Дар ҷараёни қабули Раиси шаҳр ҳаҷдаҳ нафар шаҳрванди шаҳраки Сирдарё муроҷиат намуда, проблема ва мушкилоти хешро арз доштанд, ки аз ҷониби мудирони бахшҳо, корхонаҳои марбута ва шахсони масъул мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.






Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «24-солагии Истиқлолият» бо иштироки сокинони шаҳр, намояндагони Ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, идораву муассисаҳо таҷлили иди Сада хотирмон ба вуқўъ пайваст.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси машваратӣ таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар машварат масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаи саноати шаҳр дар соли 2016 ва бастани уҳдадориҳои истеҳсолӣ барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар машварат мудирон, сарварони шуъбаву бахшҳои МИҲД, роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр, сохторҳои дахлдор, мақомоти андоз ва раёсати молия ширкат варзиданд.
Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 30-юми декабр нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рўзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Азия-плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Шуълаи умед», «Саломат бошед», «Лочин», «Ризқофарин», маҷаллаҳои «Паёми Суғд», «Ноҳид», шабакаи якуми Радиои Тоҷикистон, телевизиони вилояти Суғд, радиоҳои «Садои Хуросон», «Озодӣ», рўзномаҳои шаҳрии «Соҳил» ва «Гулистони дониш» иштирок намуданд.














