Матни равон

28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар Хоҷагии деҳконии ба номи “Абу Дониёров” оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи “Саъдулло Рӯзиев” ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Дар хоҷагии Абу Дониёров 20 нафар саҳмдор фаъолият дошта, масоҳати умумии заминҳои кишт 22 гектарро ташкил медиҳад. Аҳли заҳмат ҳамчунин ба боғдорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши сабзавот машғуланд.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар масоҳати 4 гектар майдони заминҳои Хоҷагии деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” кишти картошкаи барвақтии навъи “Шукрона” гузаронида шудааст, ки ҳосилнокии он 220 — 300 сентнер аз як гектар буда, дар муддати 110-120 рӯз нашъунамо меёбад.

Аз руи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, соли равон кишти картошка дар шаҳри Панҷакент 12 баробар афзудааст. Ҳамчунин масоҳати кишти шолӣ, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва азхудкунии беш аз 200 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Хоҷагии деҳқонии “Саъдулло Рӯзиев” шинос шуданд. 2 гармхона дар майдони 10 садяк замин бунёд шуда, дар он помидору бодиринг парвариш мегардад. Ниҳолҳо ба воситаи гармии офтоб ва обёрии қатрагӣ нашъунамо меёбанд. Дар гармхонаҳо 1 ҳазору 200 ниҳоли помидор ва 2 ҳазор бех бодиринг шинонида шудааст. Аз рӯи маълумоти мутахассисони хоҷагӣ, аз ҳар як ниҳол помидор то 10 килограмм ва аз ҳар як бех бодиринг то 6 килограмм ҳосил рӯёнида мешавад. Дар шафати гармхонаҳо дар майдони 10 садяки дигар инчунин парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои афзоиши истеҳсолот ва содироти маҳсулоти бозоргир ҳидоят намуданд.

Имрӯз ҳамчунин дар назди хоҷагиҳо намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ доир карда шуд. Тавре маълум гардид, заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби мошину тракторҳо мустаҳкам буда, ҳолати техникии ҳамаи тракторҳои шудгору кишткунанда хуб мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба заҳмати софдилонаи меҳнаткашони шаҳри Панҷакент ба мардуми шаҳр 2 адад трактор, 1 комбайни ғалладарав ва 8 адад таҷҳизоти кишти картошка ва ҳосилғундор туҳфа карданд.

Намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳри Панҷакент низ бо ҳосили дастранҷи марди деҳқон хеле ғанию фаровон буд. Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулот, аз ҷумла, картошка, сабзӣ, пиёз, помидору бодиринг, себ, ангур, ғалладонагиҳо, шир, тухм, асал ва маҳсулоти қаннодӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин таомҳои гуногуни миллии наврӯзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, эҷоди дасти ҳунармандон, аз қабили кулолгарон, оҳангарон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин зотҳои гуногуни чорвои калону майда пешкаши меҳмони олимақом карда шуд.

Шаҳри Панҷакент аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани дастархони мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда дорад. Дар ихтиёри Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент 11 ҳазору 322 га заминҳои обӣ мавҷуд мебошанд, ки аз ҷумла, 3 ҳазор гектари онро картошка, 800 га офтобпараст ва 1 ҳазору 503 гектарашро шолӣ ташкил менамояд.

Сарвари давлат дастовардҳои меҳнаткашонро назаррас арзёбӣ карда, ба онҳо дар роҳи таъмини фаровонии кишвар ва аҳолӣ бо ғизо, инчунин дигар маводу маҳсулоти кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2438
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2457
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9070
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:16132
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39875
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1522955

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?