Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
24-уми ноябр тамоми тоҷикистониён боз як ҷашни таърихӣ, рӯзи саиду саодатбахш – Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикистониён соли ҷорӣ ҷашни ҳумоюни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакати худро бо рӯҳбаландии бузург ҷашн гирифтанд. Имрӯз бошад мо Рӯзи яке аз рамзҳои асосии давлатамон – Рӯзи Парчами миллиро ҷашн мегирем.
Дар таърихи ҳар миллату давлат воқеаҳо ва рӯйдодҳое ҳастанд, ки омӯзишу баррасии онҳо барои имрӯзиёну ояндагон чун сабақеву панде хизмат карда, дар шинохти асолати миллӣ, баҳамоиву худогоҳӣ сарчашмаи боэътимод ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, дар баробари Суруди Миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ – Парчами давлатӣ низ барои мардум муқаддас аст. Агар забон қалби миллат бошад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чунки ҳар ҷо Парчам афрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Аз ин рӯ Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки «Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардиданд. Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони Истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад».