Субҳи дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ноҳияи Синои пойтахт ташриф оварда, дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештар пайдо кардаанд, шинос шуданд.
Дар ин намоишгоҳи бузурги саноатӣ намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ асосан молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, мошинолоти гуногун, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмассӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.






Дирӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кӯдакистони рақами 68-ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд.
Дирӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ биноҳои иловагии синфхонаи ҳунаромӯзӣ, ошхона бо 180 ҷойи нишаст, толори маҷлис бо 400 ҷой ва толори муосири варзишӣ бо 150 ҷой нишастро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.














