15-уми сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии “24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба муносибати Рўзи шаҳри Гулистон ҳамоиши бошукўҳ доир гардид. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳамоишро оғоз намуда, дар бораи аҳамияти таҷлили ин ҷашн, таърихи шаҳр ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сухан ронд.
-Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 9 корхонаҳои саноатии шаҳр бевосита иштирок дошта, баҳри пешрафти соҳаи саноат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.