Дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон аз №441 аз 15.12.2011 ва барқияи вилоят №381-5 Т аз 20.10.2017 аз ҷониби кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 нафар иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ ва модарони фарзандгумкарда бо маводи ғизоӣ аёдат карда шуданд.
Ҳамаи онҳо аз ин иқдоми неки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзи сипос ва миннатдории хешро баён намуда, тазаккур доданд, ки қишри ба ғамхорӣ ниёздошта ҳамеша дар мадди назари Ҳукумат ва бевосита Раиси шаҳр қарор дорад.






Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии пойтахт ва Варзоб бо лоиҳаҳои бунёди Терминали муосири нақлиётӣ, азнавсозии “Кӯли Варзоб”, сохтмони Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Дуои Модар” ва корҳои созандагӣ дар мавзеи “Сафед-дара” шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳо асос гузоштанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва огоҳ намудани аҳолӣ аз моҳияти тағйиру иловаҳо ба Кодекси Оилаи ҶТ аз ҷониби мудири бахши САҲШ-и шаҳри Гулистон ва мудири баъши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳр дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва Консой вохўрӣ ташкил карда шуд. Дар ин вохўрӣ мудири бахши САҲШ Н.М.Ҷўраева перомуни ҳуқуқи оилавӣ, манъи никоҳи хешутаборӣ ва ҳатмӣ будани муоинаи тиббӣ барои никоҳшавандагон, инчунин дарёфт ва кам кардани шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи таваллуд барои фарзандони ноболиғи худ нагирифтаанд, баромади муфассал намуда, аз аҳамияти виҷа бархурдор будани масъалаҳои мазкур дар зиндагии мардумро тазаккур дод.
Бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷаласаи тантанавии идона бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат доир гашт. Ҷаласа бо танинандозии Суруди Миллӣ оғоз гардид.
















