Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Боку ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Наврӯз Исмоил оғлу Мамедов баргузор шуд.

Ҷонибҳо муҳимтарин мавзуъҳои марбут ба ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту инфрасохтори нақлиётӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, алоқа, илму маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд ва барои тақвияти бештари ин ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарурати фаъолгардонии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ташкилу ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот таъкид гардид.

Доир ба ҷалби сармояи Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тақвияти ҳамкории Ширкати алюминийи Тоҷикистон «Талко» бо корхонаи алюминий ва ширкати нефту гази Озарбойҷон таклифу пешниҳодҳои муфид баён карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва дигар хатарҳои маргбори ҷаҳони муосир баррасӣ гардиданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1187
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2080
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5676
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15469
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48475
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:71390
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1202180

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар